Хабарҳо
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 15-уми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлил аз ҷашни пурифтихори Рӯзи Модар дар Амонатбонк
Санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар бинои марказии Амонатбонк бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласа оид ба мавзӯҳои мубрам бо иштироки кормандони Амонатбонк
Бо иштироки доираи васеъи кормандони Амонатбонк, ҳайати роҳбарикунанда ва намояндагон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя ва иҷрои талаботи Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон” ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҷаласа баргузор гардид.
Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо намояндагии Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шпаркассен»
Санаи 17 феврали соли 2023 Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо Роҳбари намояндагии Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) Инна Мазур мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.